Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор гардид
Дар доираи амалигардонии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе, соли чорум аст, ки Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор карда мешавад.

Чорабинии мазкур рӯзҳои 1-4 июли соли ҷорӣ бо фарогирии 22 нафар ҷавонон аз ҳисоби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Маркази миллии қонунгузорӣ, магистрон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва муассисаҳои дигари олии таълимии ҷумҳурӣ дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд гузаронида шуд.

Дар қисмати расмии чорабинӣ оид ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, Стратегияи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал пешниҳод карда, шуда аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, барои мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ташвиқу пешбурди он ҳамкорӣ намоянд.
Тренерон бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла лексия, мубоҳиса, ҳуҷуми фикрӣ, кори гурӯҳӣ, бозиҳои мавзуӣ ва пешниҳоди маводи ёридиҳанда машғулият гузаронида, дар баробари пешниҳоди маълумоти нав ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён ҳамчунин ҷиҳати таҳкими робитаҳои дӯстӣ байни онҳо мусоидат намуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд низ ташкил ва баргузории чорабиниҳои иттилоотиро барои тамоми табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон тақвият бахшида, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд.











