Чорабинии ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
5 октябри соли 2026 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуда, вобаста ба мақому манзалати забони давлатӣ, нақши он дар таҳкими давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин зарурати ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ ибрози назар намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа нақши бориз дорад. Мутобиқи моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ қайд карда шуд, забони давлатӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аҳаммияти махсус дошта, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ бояд бо риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истилоҳоти ҳуқуқӣ сурат гирад. Забони қонунгузорӣ бояд равону фаҳмо буда, ба таври дақиқ ифода намудани меъёрҳои ҳуқуқиро таъмин намояд.
Дар чорабинӣ нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз, таҳким ва рушди забони давлатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, баланд бардоштани маърифати забонӣ ва густариши доираи истифодаи забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Дар идомаи чорабинӣ зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун ояндаи давлату миллат дар ҳифз ва рушди забони давлатӣ нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати забонӣ ва тарғиби эҳтиром ба забони давлатӣ дар байни насли наврас ва ҷавонон аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён оид ба нақши ҳар як корманди мақомоти давлатӣ дар риояи меъёрҳои забони адабӣ, дуруст истифода намудани забони давлатӣ дар фаъолияти хизматӣ ва ҳифзи он ҳамчун арзиши муҳимми миллӣ андешаҳои худро баён намуданд.

Чорабинӣ дар фазои идона ва ҳусни эҳтиром ба забони давлатӣ баргузор шуда, таъкид гардид, ки ҳифзу рушди забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
www.ombudsman.tj









