Вохӯрии кормандони масъули Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе
Санаи 2-юми октябри соли 2026 дар Дафтари Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе вохӯрии Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе - ҷаноби Ко Сакамота, мушовири калон оид ба масъалаҳои бахши давлатӣ - ҷаноби Анҷум Исрар, мушовири Бонки Осиёии Рушд - ҷаноби Ҷейсон Лопез, иқтисодчии калон - ҷаноби Мирзоев Шуҳрат, ердамчии лоиҳа – хонум Мадина Мамадсафоева бо сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Забирзода Некрӯй бо дастур ва дар мувофиқа бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Забирзода Некрӯй барои ташкил ва баргузор намудани ин вохӯрии муҳим ва таваҷҷуҳи доимӣ ба Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе изҳори сипос карда, иброз намуданд, ки ҳамкории созандаро бо Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе хеле қадр менамоянд. Ҳамзамон аз номи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми Бонки Осиёии Рушд дар рушди бахши хусусӣ ва дастгирии ислоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдории самимӣ намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Забирзода Некрӯй иброз намуданд, ки дар ин самт ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Бонки Осиёии Рушд, барои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хеле муҳим мебошад ва иброз доштанд, ки ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Бонки Осиёии Рушд метавонад ба татбиқи ҳадафҳои Стратегияи шарикии Бонки Осиёии Рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 саҳми амалӣ гузорад.









