Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2026
M T W T F S S
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31

ВОХӮРИИ ИТТИЛООТӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН

ДАР САМТИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ РАҚАМӢ

 

Санаи 08 октябри соли ҷорӣ Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо донишҷӯёни факултети «Ҳуқуқ ва фаъолияти гумрукӣ», кафедраи «Ҳуқуқшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и МД ДБССТ вохӯрии иттилоотӣ баргузор намуд.

 

Вохӯрии мазкур дар мавзӯи «Мусоидат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон оид ба усулҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ ва роҳҳои таъмини амнияти рақамӣ» баргузор гардида, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими фарҳанги истифодаи бехатари технологияҳои рақамӣ ва пешгирии хатарҳои марбут ба истифодаи интернет равона карда шуд.

Зимни вохӯрӣ иштирокчиён оид ба аҳамияти ҳифзи маълумоти шахсӣ дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон дар муҳити рақамӣ ва зарурати риояи қоидаҳои амнияти иттилоотӣ маълумот гирифтанд. Таъкид гардид, ки ҳифзи маълумоти шахсӣ яке аз масъалаҳои муҳими таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, дар шароити рақамикунонии ҷомеа аҳаммияти махсус касб менамояд.

Ҳамзамон, ба донишҷӯён роҳҳои пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумоти шахсӣ, истифодаи рамзҳои мураккаб ва бехатар, фаъол намудани тасдиқи дуқадамӣ, эҳтиёткорӣ ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии қаллобии интернетӣ ва ҳифзи маълумоти махфӣ шарҳ дода шуданд. Инчунин, масъалаҳои вобаста ба паҳн накардани маълумоти шахсӣ ба шахсони ношинос, санҷидани эътимоднокии пайвандҳо ва паёмҳои электронӣ, инчунин сари вақт муроҷиат намудан ба мақомоти дахлдор дар ҳолати дучор шудан ба таҳдидҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти суҳбат иштирокчиён имкон пайдо намуданд, ки вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар муҳити рақамӣ, масъулияти шаҳрвандон ҳангоми истифодаи технологияҳои муосир ва роҳҳои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ гиранд.

Баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ташаккули малакаҳои истифодаи бехатар ва масъулиятноки технологияҳои рақамӣ, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар фазои интернетӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Вохӯрии иттилоотӣ дар доираи Афзалияти 14 — «Мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ», ки дар Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2026–2030 пешбинӣ шудааст, баргузор гардида, ба татбиқи ҳадафҳои он дар самти баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ ва мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар муҳити рақамӣ равона карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ташаккули фарҳанги амнияти рақамӣ заминаи муҳим барои ҳифзи маълумоти шахсӣ, пешгирии таҳдидҳои интернетӣ ва таъмини эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеаи муосир ба шумор меравад.

www.ombudsman.tj

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор