Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2026
M T W T F S S
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31

 

Санаи 16 октябри соли 2026 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии нуҳмоҳа баргузор гардид, ки дар он фаъолияти мақомот дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт.

Ҷаласаи кориро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ифтитоҳ намуд.

Сараввал Бобозода Умед вобаста ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2026 суханронӣ карда, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъмин ва риояи ҳуқуқи инсон, нишондиҳандаҳои асосии корӣ ва камбудиҳои ҷойдоштаро дар мақомот мавриди таҳлил қарор дод.

Дар рафти ҷаласа ҳисоботи масъулини мақомот, аз ҷумла:

  • Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон;
  • Сардорони шуъбаҳои дахлдори мақомот;
  • Намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоятҳо шунида ва баррасӣ шуд.

Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва тақвият додани фаъолияти минбаъда дар семоҳаи охири соли 2026 ба роҳбарон ва шахсони масъули сохторҳои дахлдори мақомот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа маросими тантанавии савгандёдкунии корманде, ки бори аввал тавассути озмун ба хизмати давлатӣ қабул шудааст, баргузор гардид.

Ҳамзамон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон кормандони навро, ки тавассути озмун ба ин ниҳод ба кор қабул гардидаанд, табрик намуда, таъкид намуданд, ки вазифаҳои хизматии худро софдилонаву беғаразона ва дар чаҳорчӯбаи қонун иҷро намоянд. Умед Бобозода илова кард, ки ҷавонон бояд бо истифода аз донишҳои касбӣ ва шароитҳои мусоиди фароҳамшуда, тамоми нерӯи худро ба нафъи давлату миллат ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон равона созанд.

www.ombudsman.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор