Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти риояи ҳуқуқи маъюбон ва амалишавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ
Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2026 дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти риояи ҳуқуқи маъюбон ва амалишавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон” баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар роҳбарон ва намояндагони сохторҳои масъули ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла мудири бахши ҳифзи иҷтимоии МИҲД ноҳияи Дӯстӣ, директори маркази хизматрасонии иҷтимоӣ, намояндагони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, муассисаи давлатии шабакаҳои кӯмаки аввалии тиббию санитарии ноҳия, шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои масъули соҳа иштирок намуданд.
Вобаста ба амалишавии талаботи Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон қайд гардид, ки ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби аксарияти давлатҳои ҷаҳон тасдиқ гардида, ба ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, инчунин бартараф намудани мушкилоти онҳо равона гардидааст.
Ба самъи иштирокчиёни мизи мудаввар расонида шуд, ки бо назардошти талаботи Конвенсия масъулияти кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ афзуда, талабот ба назорати иҷро ва салоҳияти касбии онҳо дар ин самт меафзояд.









