Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, ташаккули рафтори оқилонаи молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин чорабиниҳо дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, Барномаи амали мақомоти мазкур барои соли 2026 ва Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии мақомот доир ба иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии «Барномаи давлатии баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №75 қабул гардидааст, дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Алиф Бонк» амалӣ мегарданд.

Дар ин замина, тибқи дастури Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Алиф Бонк» 22 октябри соли 2026 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чорабинии иттилоотӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва ташаккули фарҳанги истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ» баргузор намуданд. Дар чорабинӣ зиёда аз 80 нафар, аз ҷумла кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони сохторҳои дахлдор, соҳибкорони маҳаллӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шахсони манфиатдор иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси шаҳри Хуҷанд, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор, намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Алиф Бонк» ва Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд баромад намуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ҳамкории судманд, саҳм дар пешбурди масъалаҳои ҳифз ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин барои мусоидат дар таъмини шароити зарурӣ ҷиҳати гузаронидани чорабинӣ ва ҷалби иштирокчиён изҳори сипос менамояд.










