Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2026
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 4 ноябри соли 2026 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

    Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода оғоз намуда, ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик гуфт ва вобаста ба моҳият, таърих ва арзиши олии Конститутсия ҳамчун заминаи асосии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақши барҷаста дорад.

    Ҳамзамон, дар раванди кори мизи мудаввар кормандони мақомоти Ваколатдор дар мавзӯъҳои гуногун маърӯзаҳои пурмазмун пешкаши иштирокчиён намуданд.

  

    Аз ҷумла, маърӯзачиён дар баромадҳои худ мавзӯъҳои «Конститутсия – бахтномаи миллат», «Татбиқи Конститутсия дар ҳаёти ҳаррӯзаи ман» ва «Конститутсия – асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд»-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

    Дар маърӯзаҳо таъкид гардид, ки риоя ва иҷрои қатъии меъёрҳои Конститутсия кафолати рушди устувори ҷомеа ва таъмини адолати иҷтимоӣ мебошад.

    Дар хотимаи чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба паҳлуҳои мухталифи Қонуни асосии кишвар ва нақши он дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон табодули афкор намуданд.

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор