Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2026
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили дониш ва малакаҳои касбии кормандони худ пайваста дар чорабиниҳои омӯзишӣ иштирок менамояд.

Дар ин робита, санаҳои 2–5 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббус ва дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои судяҳои зан ва кормандони Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг оид ба медиатсия ва мураббигӣ баргузор гардид. Тренингро арбитри байналмилалӣ, тренер оид ба медиатсия ва мураббигӣ хонум Бегаим Кайблдаева роҳбарӣ намуд.

Дар рафти чорабини иштирокчиён медиатсияро ҳамчун ҷузъи муосири низоми адлия баррасӣ намуда, бо стандартҳои байналмилалӣ, инчунин таҷрибаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо, аз ҷумла нақши ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳалли баҳсҳо, шинос шуданд.

Тренинг оид ба медиатсия ва мураббигӣ

Ҳангоми машғулиятҳои амалиявӣ диққати махсус ба самтҳои зерин дода шуд:

  • муайян намудани он, кӣ кадом баҳсҳо ба медиатсия мувофиқанд ва кадомҳо не;
  • арзёбии хавфҳои бехатарӣ ва нобаробарии қудрат байни тарафҳо;
  • бетарафона фаҳмонидани ҳуқуқи интихоб ба иштирокчиёни медиатсия;
  • ошкор намудани манфиатҳои воқеии тарафҳо, ки дар паси мавқеъҳои онҳо қарор доранд.

Иштирокчиёни тренинг оид ба медиатсия

Инчунин, дар тренинги мазкур, мавзӯъҳои алоҳида ба ҳассосияти гендерӣ ва одоби касбӣ бахшида шуданд.

Дар анҷоми тренинг ба иштирокчиён сертификатҳо супорида шуданд.

Супоридани сертификатҳо ба иштирокчиёни тренинг

ombudsman.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор