Санаи 9 ноябри соли 2026 Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо донишҷӯёни факултети «Ҳуқуқ ва фаъолияти гумрукӣ», кафедраи «Ҳуқуқшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и МД ДБССТ вохӯрии иттилоотӣ баргузор намуд.
Вохӯрии мазкур дар мавзӯи «Мусоидат ба таъмини риояи ҳуқуқи инсон дар самти баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз» баргузор гардида, ба татбиқи Афзалияти № 11 -и "Стратегияи фаъолияти Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон" равона карда шуд.
Зимни вохӯрӣ ба донишҷӯён оид ба принсипҳои асосии баробарӣ, эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахс ва роҳҳои пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз маълумот пешниҳод гардид. Таъкид карда шуд, ки баробарӣ дар назди қонун ва таъмини имкониятҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандон яке аз принсипҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, риояи он барои таҳкими адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, иштирокчиён бо меъёрҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, ки баробарӣ ва манъи табъизро кафолат медиҳанд, шинос карда шуданд. Махсусан, масъалаҳои пешгирии табъиз вобаста ба ҷинс, забон, миллат, нажод, эътиқод, вазъи иҷтимоӣ ва дигар ҳолатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни муҳокима зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ташаккули муносибати таҳаммулпазирона, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва нақши фаъоли онҳо дар пешгирии зуҳуроти табъиз дар ҷомеа таъкид гардид.
Донишҷӯён дар рафти вохӯрӣ ба саволҳои худ посух гирифта, оид ба роҳҳои ҳимояи ҳуқуқҳои поймолшуда ва имкониятҳои муроҷиат ба мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти иловагӣ пайдо намуданд.
Чунин вохӯриҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими фарҳанги эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мусоидат намуда, дар пешбурди арзишҳои баробарӣ, адолат ва таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа нақши муҳим доранд.
ombudsman.tj












