Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода вобаста ба ҳолатҳои вайроншавии ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия ба ҳамтои русаш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия Татяна Москалкова дархост ирсол намуд. Дар дархост омадааст, ки аз васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо маълум гардид, ки айни ҳол қонунӣ будани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони корӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия тафтиш шуда истодааст ва аз маводҳои видеоии дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда мушоҳида мешавад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз усулҳои мамнуи муомила, аз қабили дағалӣ, латукуб ва таҳқир алайҳи онҳо истифода мекунанд ва мо аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирон нигарон ҳастем. Умед Бобозода инчунин қайд намудааст, ки аксар вақт шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба Руссия дар марз бо муддати тулонӣ ва рўзҳои зиёд бидуни шароити дурусти нигоҳдорӣ ва ғизо боздошт мешаванд, ки дар байни онҳо аъзоёни ҳайати расмӣ, донишҷўён, пиронсолон, занон ва кўдакон низ ҳастанд.

Дар робита ба ин, Умед Бобозода аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова тақозо намудааст, ки барои риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия мусоидат намуда, ин гуна қазияҳоро зери назорат ва баррасии худ қарор диҳад.   

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор