Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ҷалолатмаоб доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,

Муҳтарам иштирокдорони Конфронс,

Меҳмонони гиромӣ,

Сараввал иштироки Шуморо дар Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”, ки имсол “Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд” номида шудааст, сидқан хайра мақдам мегӯям.

Ҳамзамон, мехоҳам шуморо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи иштирокдорони нишасти имрӯза саломатию хушбахтӣ, барори кор ва комёбиҳо орзу намоям.

Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд.

Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд.

Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем.

Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад.

Ин ҷониб шахсан дар чандин ҳамоишҳои байналмилалии марбут ба Афғонистон борҳо аз аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаам, ки кумаки худро дар ҳалли қазияи Афғонистон дареғ надоранд, зеро бӯҳрони ин кишвар як мушкилоти байналмилалист.

Зиёда аз 40 сол аст, ки дар ин кишвар нооромӣ ва низоъ идома дорад.

Мардуми шарифи Афғонистон аз ҷангу ҷидоли таҳмилӣ, ки пеш аз ҳама бар асари мудохила кардан ба умури дохилии он сар задааст, мусибати зиёд мебинад.

Мутаассифона, раванди халалёбии амният дар ин кишвар имрӯзҳо рангу тобишҳои нав пайдо карда истодааст, ки мояи нигаронии на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақа мебошад.

Солҳои охир роҷеъ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавии сатҳҳои гуногун зиёд доир мегарданд.

Ба ҳамёрони байналмилалӣ ва Ҳукумати Афғонистон муяссар шуд, ки зимни ҳамоишу конфронсҳои пешин дар мавриди таҳкими зарфияти нерӯҳои амниятӣ ва барқарории сулҳу суботи комил корҳои чашмрасеро анҷом диҳанд.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар кишвар иқдомҳои муайян роҳандозӣ гардиданд.

Бо вуҷуди ин, ҳамоно зарурати ҳамоҳангии бештар ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххас дар Афғонистон эҳсос мешавад.

Дар ин ҷода фаъолияти “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” аз замони ташаккулёбиаш дар соли 2011 то ба имрӯз, бешубҳа, нуфузу мақоми муҳим дорад.

Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Мо итминон дорем, ки ҳамоиши имрӯзаи Душанбе бо вазифагузориҳои нав дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ин кишвар қадамҳои тозаеро хоҳад гузошт.

Ҳамчунин умед дорем, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои нави худ механизми ҳамкорӣ ва кумакҳоро ба Афғонистон боз ҳам мукаммал хоҳад кард.

Дӯстони гиромӣ,

Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамеша ҳамсояи нек буданд ва мемонанд.

Мо дар тӯли таърих дар шодию ғами якдигар шарик ҳастем.

Тоҷикистон дар тамоми муддате, ки ин кишвар дар вазъи печида қарор дорад, худро аз паҳлӯи он канор нагирифтааст.

Мо мисли ҳамеша сидқан ҷонибдори истиқрори сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар ин кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошем.

Муътақидем, ки таъмини амнияту оромии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо қарор дорад.

Ман фикр мекунам, ки ҳатто хурдтарин кумак ба ин кишвари азияткашида, хурдтарин иқдом ҷиҳати ободонии он барои гузоштани боз як қадами дигар ба пеш дар самти рушд ва раҳоӣ ёфтани он аз мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард.

Ба ин манзур Тоҷикистон дар доираи фаъолияти механизмҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Афғонистони ҳамҷавор ҳамкории мутаносибан судмандро роҳандозӣ намуда, пеш мебарад.

Мо азми қавӣ дорем, ки минбаъд низ дар ин самт чораҳои самарабахш андешида, муҳтавои ҳамкориамонро бо Афғонистон боз ҳам ғанӣ гардонем.

Зимнан, мо ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ин кишвари ба мо дӯст тавассути ҳамкорӣ дар таҳияву татбиқи лоиҳаҳои мухталифи фаромарзиву минтақавии зерсохторӣ, энергетикӣ ва транзитиву нақлиётӣ пайваста талош менамоем.

Кишварҳои минтақаи моро на танҳо марзҳои муштарак, балки анъанаҳои куҳани тиҷоратӣ, ки аз даврони Роҳи Бузурги Абрешим сарчашма мегиранд, мепайванданд.

Анъанаву низоми тиҷоратие, ки дар тӯли таърих тавассути ин шоҳроҳи муҳимми фароминтақавӣ ташаккул ёфтаанд, дар замони муосир низ аҳаммияти фаровон доранд.

Афғонистон дар қалби ин шоҳроҳ воқеъ гардида, минтақаҳои гуногуни олам, бахусус Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо, Чин ва Ховари Миёнаро бо ҳам мепайвандад.

Дар ин маврид, бояд қайд кард, ки Тоҷикистон бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитии минтақавиро яке аз самтҳои муҳимми ҳамкории ҷонибҳо мешуморад.

Тоҷикистон баҳри гузоштани заминаи меъёриву ҳуқуқии рушду тиҷорати транзитӣ тавассути долонҳои нақлиётӣ бо иштироки кишвари дӯсти мо – Афғонистон кӯшишҳои пайваста менамояд.

Аз ин рӯ, мо алоқаманди истифодаи васеи масири роҳи Афғонистон – Тоҷикистон - Чин ва Афғонистон - Тоҷикистон - Қирғизистон ҳастем.

Дар ин робита, барои ҳарчи зудтар татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла бунёди қитъаи роҳи оҳани Румӣ-Панҷи Поён-Шерхон Бандар талош карда истодаем.

Пешниҳод мекунем, ки он ба як ҷузъи роҳи оҳани байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон табдил ёфта, ба долони байналмилалии нақлиётии “Шимол- Ҷануб” пайваст шавад.

Соҳаи энергетика пояи тамоми бахшҳои иқтисодиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа мебошад. Истифодаи фарогир ва самарабахши захираҳои он метавонад кишварҳои моро ба сатҳи тавлидкунандаҳои асосии минтақавии нерӯи “сабз” бароварда, мавқеи моро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор пурзӯр кунад.

Тамоюли глобалии ташаккули “иқтисоди сабз” ва талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастёбӣ ба сатҳи пасти партобҳои газҳои гулхонаӣ ба фазо, ки яке аз омилҳои тағйирёбии иқлим дониста шудааст, аз хусусиятҳои даврони муосир мебошад.

Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикист, ки манбаи муҳими барқароршавандаи тавлиди нерӯи барқ маҳсуб меёбанд.

Мо талош дорем, ки истеҳсоли нерӯи барқи обии аз лиҳози экологӣ тозаро ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа дучанд афзоиш дода, имкониятҳои таҳвили онро ба бозори минтақавии энергетикӣ васеъ намоем.

Тоҷикистон ҳамасола нерӯи барқро дар ҳаҷми аз 1 то 1,5 миллиард киловатт/соат (КВТ/С) ба Афғонистон интиқол медиҳад.

Тайи даҳ соли охир аз ҷониби мо ба ин кишвари ҳамсоя зиёда аз 10 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ таҳвил гардидааст.

Барои ин мақсадҳо аз ҷониби мо ду хатти интиқоли нерӯи барқ сохта ба истифода дода шудааст.

Яке 110 ва дигаре 220 киловолта (кВ) бо тавоноии 500 мегаватт (МВт) аз зеристгоҳи Геран дар Тоҷикистон то Пули Хумрии Афғонистон.

Имконоти ҳамкорӣ дар соҳи энергетика ҳанӯз ҳам ниҳоят зиёданд ва мо омодаи ҳамкории ҳамаҷониба дар ин арсаи стратегӣ ҳастем.

Зимнан, мо омодаем, ки интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон зиёд намоем.

Вобаста ба ин масъалаи таҳия ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо ҷиҳати ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқии кишварҳои минтақа аҳаммияти хосса пайдо мекунад.

Дар ин росто татбиқи лоиҳаи КАСА-1000–ро, ки интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон тавассути қаламрави Афғонистон дар назар дорад, муҳим арзёбӣ менамоем.

Ҳамчунин, сохтмони хатти баланшиддати интиқоли барқи 500 киловолтаи (Кв) “Роғун-Пули Хумрӣ”, ки асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи он оғоз гардида истодааст, иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми дӯст ва ҳамсоя мо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Себзорро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон дар назар дорем, ки аз лиҳози зиёд намудани ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон аҳаммияти хосса дорад.

Дар баробари ин, Тоҷикистон нақшаҳои Афғонистонро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла амалисозии лоиҳаҳои бунёди хатҳои баландшидати интиқоли барқ ва дигар иншооти энергетикии фаромиллӣ ҷонибдорӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои гидротехникӣ, низоми муосир ва босамараи обёрӣ, боғдорӣ, роҳи оҳан зарфиятҳои васеъ дорад.

Мо омодаем, ки бо Афғонистон ҷиҳати таҳия ва амалӣ кардани барномаҳои муштарак дар соҳаҳои мазкур ҳамкории судманд дошта бошем.

Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи дӯсти Афғонистон талош меварзад, то ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишварро, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ба сатҳи боз ҳам баландтар барорад.

 Дар ин раванд афзоиши муомилоти тиҷорати ҷонибҳо аз аҳаммияти хосса бархӯрдор аст.

Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар давоми солҳои 1997-2020 маблағи 1 млрд. 549 млн. доллари амрикоиро ташкил дод.

Дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар ба зиёда аз 70 миллион доллари амрикоӣ расид.

 Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар ояндаи наздик, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла оқибатҳои пандемияи COVID-19, нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷонибаро дучанд зиёд кунем.

Мавриди зикр аст, ки мо ҷиҳати густаришу тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба миёни минтақаҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла муомилоти тиҷоратӣ, то ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Афғонистон шаш пул сохта, мавриди истифода қарор додаем ва сохтмони пули ҳафтум дар минтақаи Кокул оғоз гардидааст.

Феълан дар сарҳади ду давлат 4 нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ, аз он ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозорҳои наздисарҳадии «Тем»-и шаҳри Хоруғ, «Ишкошим»-и ноҳияи Ишкошим, «Рузвай»-и ноҳияи Дарвоз ва «Хумроғӣ»-и ноҳияи Ванҷ фаъолият доранд.

Дар ноҳияҳои наздик ба сарҳад бо Афғонистон аз ҷониби Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст

Мо омодаем, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, итилоот ва фаъолияти иҷтимоиро ба сатҳи нав барорем.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон беш аз 500 донишҷӯи афғон таҳсил мекунад.

Дар тамоми давраи соҳибистиқлолии давлати мо зиёда аз як ҳазор шаҳрванди Афғонистон риштаҳои гуногуни донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм карда, соҳиби ихтисос гардидаанд.

Илова бар ин, тайи даҳ соли охир дар ҳудуди якуним ҳазор нафар шаҳрвандони Афғонистон, аз он ҷумла зиёда аз сад нафар бонувони Афғонистон дар муассисаҳо ва марказҳои тахассусии Тоҷикистон дар давраҳои касбомӯзӣ ва такмили ихтисос таҳсил карданд.

Бо дарназардошти якчанд омилҳои мусоидаткунанда, аз ҷумла ҳамзабонии ду кишвар, мо имкон дорем, ки раванди таҳсил ва илмомӯзии шаҳрвандони Афғонистонро дар муассисаҳои мухталифи таълимии кишварамон ба таври самарабахш идома диҳем.

Ҷониби Тоҷикистон метавонад барои Афғонистони бародар мутахассисони соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва садҳо кадрҳои илмиро омода намояд.

Тоҷикистон ва Афғонистон ба таҳкими ҳамкориҳои худ дар соҳаи амниятӣ бар асоси муносибатҳои дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳамияти хоса медиҳанд.

Ҷойи таъкид аст, ки ба ҳамкории ду кишвар дар ин арса, ки дар сатҳи баланди ҳамоҳангӣ сурат мегирад, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди мутақобил хос аст.

Шароити ҳассоси имрӯза моро водор месозад, ки доираи ҳамкории амалии кишварҳоямонро дар ин самт боз ҳам ваеътар гардонем.

Вазъи мураккабе, ки тайи солҳои ахир дар Афғонистон ташаккул меёбад, танҳо бо ин кишвар маҳдуд намешавад ва фақат аз он маншаъ намегирад.

Қазияи Афғонистон хусусияти фароминтақавӣ дошта, фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мебошад.

Мо – кишварҳои минтақа набояд роҳ диҳем, ки мардуми дӯсту бародари Афғонистон бо мушкилоти ба он таҳмилшуда танҳо бимонад.

Имрӯзҳо мо шоҳиди шиддат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ва ифротгаро, ҳамчунин ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ҳастем.

Гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ва тундгаро вазъи печидаи дар қаламрави Афғонистон баамаломадаро барои пиёда кардани ғаразҳои харобиовар ва тавсеаи доираи фаъолияти тахрибии худ истифода мебаранд.

Таҷрибаи талхи идомаи ҷангу ҷидол дар ин кишвар тайи 40 соли охир собит месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Мо калиди ҳалли мушкилоти имрӯзаи Афғонистонро дар истифодаи васеи воситаҳои дипломативу сиёсӣ ва андешидани чораҳои муассир ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебинем.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон аз мавқеи Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати ба роҳ мондани музокироти байниафғонӣ ба хотири таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар истиқбол менамояд.

Мо бар онем, ки дар ин музокирот бояд манфиатҳои тамоми мардуми кишвар ба назар гирифта шаванд ва тақдиру ояндаи онро, қабл аз ҳама, худи мардуми Афғонистон муайян созад.

Ҳамзамон, ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои мададрасонро зарур аст, ки дар вазъи ҳассоси имрӯза дастгирии худро аз Афғонистони азияткашида дареғ надоранд.

Ҳамаи иштирокдорони ин Конфронси бонуфуз медонанд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба сари Тоҷикистон чӣ омад.

Неъмати истиқлол ба мо гарон афтод.

Раванди оштии миллӣ дар кишвари мо панҷ сол тӯл кашид.

Ман ин ҷо аз хисороти ҷонӣ ва маънавию молии миллати азизам ҳарф намезанам.

Танҳо ҳаминро таъкид мекунам, ки дар он рӯзҳои сахт пешвоёни онвақтаи мардуми афғон дар баробари дигар кишварҳои дӯст раванди сулҳи тоҷиконро дастгирӣ карда, ба мо кумаки холисона ва бародарона расониданд.

Мо инро ҳаргиз фаромӯш намекунем.

Мо дар роҳи дарёфти оштӣ, сулҳ ва рушди баъдӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтем ва омода ҳастем дар ҳар шароите, ки набошад, онро ба мардуми бародари афғон ироа намоем.

Фарҷоми тамоми ҷангҳо оштист.

Аз тамоми кишварҳои иштироккунандаи Конфронс, давлатҳои мададрасон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ даъват менамоям:

Биёед, ба мардуми шарифи Афғонистон кумак кунем, то роҳ ба сӯи таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва рушди ватани онҳо барояшон осону кӯтоҳтар шавад.

Изҳори умед менамоям, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза боз як омили муассири тақвияти бештари ҳамкориҳои самарабахши кишварҳои аъзо ва шарикони Конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” хоҳанд шуд.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон, саломат бошед!

www.prezident.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор