Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

  ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 16 декабр зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, мавриди омӯзиш қарор дода, тасмим гирифтанд, ки дар баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, инчунин пешбурди минбаъдаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоранд.

Тавре аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, барои кормандони ин мақомот боиси ифтихор ва қаноатмандӣ аст, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон  дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ меёбанд.

Тавре ки 16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд, 12 декабри соли равон бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.

Сарвари давлат баён намуданд, ки пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон дар масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.

Ин ташаббус миллати тоҷикро водор месозад, ки барои сари вақт ва босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама имконият самаранок истифода намоянд.

Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.

«Мо бояд дар фазои осудаи мамлакат, ифтихор аз давлату давлатдорӣ шукргузорӣ намуда, барои пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани дастовардҳои нав беғаразона фаъолият намоем. Инчунин барои амалӣ шудани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, саҳм гузорем, зеро  он барои мо дастури амал ва чароғи раҳнамо аст», – иброз гардид зимни ҳамоиш.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор