Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

January 2026
M T W T F S S
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31

 ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз дошт, ки паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар рушди устувори давлат, аз ҷумла дар самти таҳким ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши калидӣ доранд.

Аз ин лиҳоз нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мусоидаткунанда ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Иброз шуд, ки бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолияташро тақвият бахшида, тамоми неру ва имкониятро ба татбиқи сиёсати хирадмандона ва иқдоми наҷибонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намояд.

Иштирокчиёни ҳамоиш Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дар вазъияти пуртазоди имрӯза муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳар хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуктаҳои асосии он бояд саҳм гузорад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамасола тамоми қишрҳои ҷомеа – намояндагони касбу кори гуногун бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сарчашмаи боэътимод, махзани иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқӣ ва дастуру супоришҳои ҳидояткунанда ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.

АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор