Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

January 2026
M T W T F S S
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31

Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба кӯдаконе, ки дар хонаҳои кӯдакони муассисаи ислоҳии ЯС3/8-и (занона) Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия зиндагӣ мекунанд, туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд

Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ ба хотири дастгирии иҷтимоӣ ва боло бурдани руҳияи инсонӣ ба кӯдаконе, ки дар хонаҳои кӯдакони муассисаи ислоҳии ЯС3/8-и (занона) Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон зисту зиндагӣ менамоянд, аз номи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.

Иқдоми фавқуззикр ҳамчун нишонаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба ояндаи кӯдакон, ки аз сиёсати пешанамудаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд,  амалӣ гардида, мақсад аз он қабл аз ҳама фароҳам овардани фазои идона ва хотирмони солинавӣ барои онҳо маҳсуб меёбад. Дар доираи чорабинӣ ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ, лавозимоти рӯзгор ва ашёи зарурӣ тақдим карда шуданд.

 

Кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз намуданд, ки кӯдакон, новобаста аз шароити зиндагии модарон, бояд муҳити пурмеҳр дошта, ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифта шаванд.

Дар фарҷом, иштирокдорон изҳори умедворӣ намуданд, ки чунин корҳои хайриявӣ дар оянда ҳам идома ёфта, ба дастгирии гурӯҳҳои ниёзманд саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор