Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30

ДАР МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТ ДАР СОЛИ 2025 ДОИР ГАРДИД

  

  Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 санаи 9 феврали соли 2026 дар толори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2025 ташкил ва гузаронида шуд.

    Зимни нишаст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан намуда, иброз дошт, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба роҳ монда, дар соли 2025 вобаста ба самтҳои асосии фаъолият барои ҳифз ва пешбурди ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.

    Барои намояндагони васоити ахбори омма оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, рушди ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма маълумот дода шуд.

    Ҳамчунин, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Миҷгона Бобоҷонзода доир ба масъалаҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон маълумот манзур намуд.

    Дар фароварди нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон саволҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор