Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30

Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гаэл Рабаллан

Санаи 13-уми феврали соли 2026 дар бинои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гаэл Рабаллан бо иштироки намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Дар доираи вохӯрии мазкур ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар мамлакат бо назардошти манфиатҳои Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози афкор намуданд.

Бобозода Умед барои ташриф овардан ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконияти фароҳам гардидани ин мулоқоти муҳим ва саривақтӣ ба ҷаноби Гаэл Рабаллан  изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз шарикони калидии рушди устувор, дар ислоҳоти институтсионалӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рушди низоми молиявӣ, беҳтарсозии муҳити соҳибкорӣ, баланд бардоштани шаффофият ва густариши дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ саҳми назаррас дорад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  ҳамкории пайваставу самаранок дар самти ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон ба Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гаэл Рабаллан миннатдории худро изҳор намуда, барои ҳамкориҳои тарафайни судманд дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, хусусан, дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ибрози ақида намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Умед Бобозода қайд намуд, ки ҳамкории судманд, шаффоф ва дарозмуддат байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ метавонад ба таҳкими эътимоди ҷомеа, рушди иқтисоди миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва соҳибкорон мусоидат намояд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории кушода ва дарозмуддат бо Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошад ва умедвор аст, ки ин мулоқот оғози марҳилаи нави ҳамкории судманд мегардад.

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор