Маросими ботантанаи гусели сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилӣ ба нафақа
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикстон маросими бошукӯҳи гусел намудани Сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Содиқов А. М. ба нафақа баргузор гардид.

Содиқов А. М. тӯли солҳои фаъолияти пурсамар бо масъулиятшиносӣ, садоқат ба арзишҳои ҳуқуқи инсон ва сатҳи баланди касбият дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳияи маводди таҳлилӣ ва тақвияти низоми иттилоотии мақомот саҳми арзанда гузошт.
Дар ҷараёни маросим роҳбарият ва кормандони мақомот хизматҳои шоён, таҷрибаи ғанӣ ва саҳми назарраси ӯро дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон таъкид намуда, барои фаъолияти содиқона изҳори сипос карданд.
Бо таманниёти беҳтарин, ба ӯ сиҳатмандӣ, рӯзгори осуда, саодати хонаводагӣ ва комёбиҳои нав дар марҳилаи нави зиндагӣ орзу гардид.









