Ниҳолшинонӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Санаи 21 феврал дар назди бинои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар доираи иқдомҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷиҳати ободу зебо гардонидани муҳити атроф ва беҳтар намудани вазъи экологии пойтахти мамлакат, дар ҳудуди бинои мақомоти мазкур гулҳои гуногун шинонида шуданд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.










