Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30

Мизи мудаввар бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид

Санаи 23 феврал дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.

 Таърих собит месозад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рӯзҳои барои кишвари ҷавони мо бисёр ҳассосу сарнавиштсоз бо талошҳои пайгирона ва иродаи устувори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар ҳифзи истиқлолу якпорчагии Ватан нақши тақдирсоз бозидааст. Бо роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ фарзандони содиқи Ватан тавонистанд суботу амниятро барқарор намуда, пояҳои давлатдории миллиро таҳкиму тақвият бахшанд.

Дар мизи мудаввар сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Нозимзода Б. дар мавзуи «Артиши миллӣ яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ» ва сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иљтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Раҳматова Ш. дар мавзуи «Қувваҳои Мусаллаҳ – кафили амнияту суботи кишвар» баромад намуда, аз дастоварду муваффақиятҳои Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкиму тақвияти Қувваҳои Мусаллаҳ дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд.

Таъкид шуд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ, ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутоб ёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

 

Лозим ба ёдоварист, ки дар мизи мудаввар номаяндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор