ЭЪЛОН!
МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии
зерин озмун эълон менамояд:
- Сармутахассис оид масъалаҳои кадрҳои бахши умумӣ ва хизмати давлатии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3388 сомонӣ.
- Сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ –3388 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3388 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2502 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2502 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1960 сомонӣ.
Дар ҳолати доштани собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи Ҷадвали ягонаи тарифӣ иловапулӣ пардохт карда мешавад.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
- дигар ҳуҷҷатҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
734023, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шохтемур -27, тел: 221-47-87
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо - 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон.
Маълумоти бештар дар бораи талаботи тахассусӣ, саволномаи озмун ва дигар маълумот дар сомонаи www.ombudsman.tj
Сармутахассис оид масъалаҳои кадрӣ ва корҳои махсуси бахши умумӣ ва хизмати давлатии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3388 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ –3388 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3388 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Мутахассиси пешбари шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2502 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- на камтар аз 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳукукҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2502 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- на камтар аз 1 сол собиқаи собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Мутахассиси пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1960 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- на камтар аз 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Дар ҳолати доштани собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи Ҷадвали ягонаи тарифӣ иловапулӣ пардохт карда мешавад.
«Тасдиқ мекунам»
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
_________________У. Бобозода
«24» феврали соли 2026
Саволномаи
озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизматчиёни давлатии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Мафҳум, моҳият ва муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- Мафҳуми Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ?
- Мафҳумҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ?
- Ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд?
- Тасниф (классификатсия) - и ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд?
- Ҳуқуқҳои фитрӣ (табӣ) инсон ?
- Ҳуқуқу озодиҳои гражданӣ (шахсӣ) ?
- Ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ ?
- Ҳуқуку озодиҳои иқтисодӣ ?
- Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ?
- Ҳуқуқҳои фарҳангӣ ?
- Ӯҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрванд ?
- Маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳо ?
- Тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ?
- Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон ?
- Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда оид ба ҳуқуқи инсон ?
- Таърихи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва шарҳи мухтасари он?
- Шарҳи мухтасари Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ?
- Шарҳи мухтасари Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ?
- Маълумот дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ?
- Мақсади таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
- Тартиби таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ?
- Кафолатҳои мустақилии Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон ?
- Таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ?
- Низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
- Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ?
- Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ?
- Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ?
- Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
- Намудҳои мурофиаи судӣ ?
- Истеҳсолоти иҷро ?
- Тартиби иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ?
- Муассисаҳои нигоҳдории муваққатӣ ?
- Шарҳи мухтасари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ?
- Мафҳуми хизматчии давлатӣ ?
- Асосҳои қать шудани фаъолияти хизматчии давлатӣ ?
- Маълумот дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатӣ ?
- Маълумот дар бораи тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ?
- Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ: ҳуқуқу вазифаҳои онҳо ?
- Ҳизбҳои сиёсӣ: ҳуқуқу вазифаҳои онҳо ?
- Иттиҳодияҳои динӣ: ҳуқуқу вазифаҳои онҳо ?
- Ҳуқуқ ба озодии андеша ва озодии эътиқод ?
- Тартиби гузаронидани гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта ?
- Принсипҳои интихобот ?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ?
- Мӯҳлатҳои баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ?
- Воситаҳои ахбори омма: ҳуқуқу вазифаҳои онҳо ?
- Механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ?
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
- Муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
- Матни Суруди миллӣ ?
- Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
- Шарҳи универсалии даврӣ маълумоти умумӣ ?
- Ҳадафҳои Принсипҳои Париж ?
- Принсипи эҳтимолиёти бегуноҳӣ чӣ маъно дорад ?
- Тартиби таъину интихоби судяҳо ?
- Фарқияти ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсӣ ?
- Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
- Фарқияти ҳуқуқҳои мутлақ ва нисбии инсон?
- Санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Тоҷикистон ба тасвиб расонида нашудаанд ?
- Дар бораи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ маълумот диҳед ?
- Санадҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ аз Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ маълумот диҳед?
- Мавқеи Конститутсия дар низоми санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ?
- Кафолати ҳуқуқҳои фарҳангӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи ҳуқуқи маъюбонро кай ба имзо расонид ?
- То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак маърӯза пешниҳод намудааст ва охирон бор кадом сол буд ?
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кай боз фаъолият мекунад ва фаъолияти ӯро кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медарорад ?
- Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак чанд протокол дорад ва кадоме аз онҳоро Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст ?
- Эмансипатсия чист ?
- Васоят ва парасторӣ ба кӣ таъин карда мешавад ?
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқу озодиҳои кӯдаконро ба танзим медароранд ?
- Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 маълумот диҳед ?
- Ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ?
- Ташкилотҳои қарзӣ ?
- Ҷамъияти саҳҳомии кушода ?
- Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида ?
- Андоз чист ?
- Бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «равзанаи ягона»?
- Тартиби бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ ?
- Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ?
- Фаъолияти соҳибкорӣ ?
- Тартиби бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ?
- Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ?
- Дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ чӣ модонед ?
- Дар соҳаи молия кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқиро медонед ?
- Молияи давлат чист ?
- Дар бораи буҷети давлатӣ маълумот диҳед ?
- Зери мафҳуми ҳуқуқ ба озодӣ аз табъиз чиро мефаҳмед ?
- Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» маълумот диҳед ?
- Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз кадом аст ва чӣ гуна ваколатҳо дорад ?
- Шахсе, ки худро ҷабрдидаи табъиз мешуморад, барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба куҷо муроҷиат карда метавонад ?
- Табъиз чист ? Шаклҳои табъизро номбар кунед.
- Табъизи бевосита аз табъизи бавосита чӣ фарқ дорад ? Мисол оред.
- Кадом санадҳои байналмилалӣ кафолати таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъизро пешбинӣ менамоянд ?
- Ҷабрдидаи табъиз ба суд бо чӣ гуна даъво муроҷиат карда метавонад ?
- Оё принсипҳои баробарӣ ва манъи табъиз дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ пешбинӣ шудаанд ?
- Аломатҳои манъкунандаи табъиз кадомҳоянд ?
- Ҳолатҳои вазнинкунандаи табъизро номбар кунед ?
- Қонунгузорӣ барои таъмини пурраи амалигардонии ҳуқуқ, озодӣ ва имкониятҳои баробар истифодаи кадом чораҳоро пешбинӣ менамояд ?
- Кадом мисолҳои табъизро оварда метавонед ?
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баробарӣ ва манъи табъиз кадом кафолатҳоро пешбинӣ менамояд?
- Ба андешаи Шумо сабабҳои дар ҷомеа ҷой доштани табъиз кадоманд ?









