Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30

Маърузаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025, Маърузаи махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи вазъи риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз барои соли 2025 ва Маърузаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2025 мувофиқи моддаҳои 24 ва 327 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор ирсол карда шуданд.

Дар маърузаҳо вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар соли 2025 таҳлил гардида, ҷиҳати таҳкиму пешрафти онҳо тавсияҳои дахлдор пешниҳод шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2009 мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, таъсис дода шуд.

 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳар сол дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза таҳия карда, онро на дертар аз моҳи феврал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари дар моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» номбаршуда, ирсол менамояд.

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор