Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30

Чанде қабл аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе як далели ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълимоти динӣ ва гирифтани таълимоти ғайриқонунии динии кӯдакон ошкор гардид, ки боиси нигаронии амиқ мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки таҳсил ва таълиму тарбияи кӯдак ҷузъи муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавзӯи меҳварии паёму суханрониҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Дар ин робита, Пешвои миллат 28 декабри соли 2024 зимни ироаи паёми навбатӣ, дар қатори дигар самтҳои асосӣ таваҷҷуҳи масъулин ва аҳли ҷомеаро ба масъалаҳои сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ дар тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки “... то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.

Тибқи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, кӯдак ба таҳсил ҳуқуқ дошта, он бояд ба инкишофи шахсият, истеъдод, қобилияти фикрӣ ва ҷисмонӣ ӯ равона шавад. Таълими ғайриқонунии динӣ бошад, хилофи мақсадҳои зикршуда буда, ба саломатӣ ва рушди кӯдак хатар дорад.

Дар ин замина, барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълимоти динӣ, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динии кӯдак, иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак ва монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ дар қонунгузории маъмурӣ ва ҷиноятӣ ҷавобгарӣ дар шакли ҷарима, маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян пешбинӣ гардидааст.

Новобаста аз такмили қонунгузорӣ, пурзӯр намудани ҷавобгарӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, ҳоло низ ҳолатҳои алоҳидаи ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълимоти динӣ ва гирифтани таълимоти ғайриқонунии динии кӯдак ҷой доранд, ки боиси ташвиш аст.

Аз ин лиҳоз, падару модар, намояндагони дигари қонунии кӯдак ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба ин амалҳо роҳ надиҳанд ва ҷиҳати пешгирии ин амали номатлуб бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.

Зеро, таваҷҷуҳ ба амалисозии ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил, ба мактабу маориф, бозбинии муносибат ба низоми мавҷудаи таълиму тарбия, баланд бардоштани мақоми мураббия ва омӯзгор, ҳавасмандии кӯдакону ҷавонон ва аҳли ҷомеа ба дониш, ҳунар ва технологияи муосир, таҳкими ахлоқи ҳамида ва ватандӯстӣ дар байни насли наврас бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як узви ҷомеа бошад.

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор