Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

Рӯзи 7 апрели соли 2021 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони Намояндагиҳои ВҲИ дар ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва Қабулгоҳи ҷамъиятии ВҲИ дар н. Қубодиён вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар се моҳаи якуми соли 2021 маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Кормандони сохторҳои маҳалии мақомот дар ҷаласа тариқи видеоконфронс ширкат намуданд.

Нахуст У. Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар ин давра сухан ронда, қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомот дар муқоиса ба се моҳаи якуми соли 2020 беҳтар гардидааст. Чунин раванд бояд идома дода шуда, дар самти амалисозии нақшаҳои дар мақомот амалишаванда чораандешӣ карда шавад.

Сипас Р. Ҳабибулозода - муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак баромад намуд.

 Ҳамчунин аз рӯи барнома ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот дар масъалаи қабули муроҷиатҳо, баррасии муроҷиатҳо, муросилоти аз дигар мақомот воридгардида, баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иштироки кормандон дар гурӯҳҳои корӣ, иштирок дар семинару конференсия ва мизҳои мудаввар, гузаронидани мониторингу санҷишҳо, баромад дар ВАО ва дигар масъалаҳо шунида шуд.

Дар интиҳои маҷлис фаъолияти воҳидҳои сохтории мақомот ва кормандони он мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби роҳбарият ҷиҳати тақвият додани корҳо ва иҷрои пурраи Барномаи амали мақомот барои соли 2021 дастурҳои мушаххас дода шуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор