Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30

Санаи 6 марти соли 2026 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши идона бо иштироки кормандони мақомот доир гардид.

Дар оғози ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода занҳои мақомот ва дар симои онҳо тамоми бонувони мамлакатро бо фарорасии Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек, саломативу сарбаландӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти корӣ комёбиҳои рӯзафзун таманно кард.

Аснои суханронӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба хотири баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳоло бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари мардон номуси ватандориро бар дӯш гирифта, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат бо ғайрати зиёд фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Сипас маърузаҳои кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзуъҳои «Бонувон дар сафи пеш», «Модар – ганҷинаи бебаҳо ва пайвандгари наслҳо» ва «Мақоми зан – модар дар даврони соҳибистиқлолӣ» ба самъи иштирокчиёни ҳамоиш манзур гардиданд.

Маърузачиён, аз ҷумла вобаста ба дастгириҳои ҳамешагӣ ва зери таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани занон ибрози назар намуданд. Ҳамчунин, иштирокчиёни ҳамоиш дар васфи зан-модар шеърҳо қироат карданд.

Дар фароварди ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бонувони мақомотро бори дигар ба ифтихори Рӯзи Модар табрик намуда, ба ҳар яки онҳо аз номи мардони мақомот гулҳои тару тоза ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

                                                                        Шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ,

таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор