Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30

    Санаи 25 марти соли 2026 дар ноҳияи Вахш бо иштироки намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Умед Бобозода ва намояндаи Ҳукумати вилояти Хатлон муовини Раиси вилоят - Абдусаломзода Анзурат Абдусалом Наврӯзи хуҷастапай ҷашн гирифта шуд.

  

 

  Дар оғози ҷашни Наврӯз Умед Бобозода ва дигар намояндагон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

    Баъдан Бобозода Умед аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ сокинони ноҳияи Вахшро бо ҷашни Наврӯзи байналмилаӣ табрику муборакбод намуданд. Хусусан қайд намуданд, ки имрузҳо дар саросари Тоҷикистон ва ҷаҳон Рӯзи наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Наврӯз ҳамчун рамзи эҳё, покизагӣ ва оғози нав дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи хос дошта, имрӯз ба яке аз василаҳои муҳими таҳкими муколамаи тамаддунҳо табдил ёфтааст. Ин ҷашни миллӣ унсури муҳими худшиносии миллӣ ва омили муттаҳидкунандаи ҷомеа мебошад.

 

  

 Иброз гардид, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои фарҳангпарвари миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни сирф миллии мо – Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид, ба сифати ҷашни расмии миллӣ пазируфта шуд ва ҳар сол он ба шукуҳу ҷалоли хос дар саросари кишвари мо таҷлил мешавад.

    Баъдан намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сокинони ноҳияи Вахшро бо ин иди пуршукӯҳ табрик намуд.

    Дар фарҷом мутрибону навозандагон, ҳаҷвнигорон саҳнаро оро дода, бо сурудҳои дилангез ва намоишҳои ҳаҷвӣ мардумро хушнуд намуданд.

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор