Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли сокинони мамлакатро самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори обод ва пешрафти касбиро орзу намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 вобаста ба мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз ёдовар шуда, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе масъалаи бунёди Маркази байналмилалии Наврӯзро таъкид намуданд.

Ин бори дигар шаҳодати арҷгузории Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик, ҳифзи асолати миллӣ мебошад ва ҳар якеи моро вазифадор менамояд, ки ба қадри ин арзишҳо расем ва онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.










Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ёдовар шуд, ки Пешвои муаззами миллат дар паёми шодбошиашон бахшида ба ҷашни Наврӯз 20-уми марти соли 2026 иброз доштанд, ки мо – ворисони ин ҷашни зеборо зарур аст, ки бо бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ба арзишу суннатҳои он арҷ гузорем, онҳоро ҳифз кунем ва густариш диҳем, зеро ҳифзи ин ҷашн, пеш аз ҳама, посдориву нигоҳдории яке аз шоҳсутунҳои ҳувияту худшиносии миллии мо мебошад.
Шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва
ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон









