Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30

Санаи 3 апрели соли 2026 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Радослав Дарски мулоқоти судманд анҷом доданд.

 Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан, масоили мутобиқатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж, тақвияти ҳамкориҳо дар самти Шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо табодули афкор намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар хусуси дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ибрози назар намуда, қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон қадамҳои устувор гузошта, пайваста санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва ҳуҷҷатҳои муҳими старатегӣ қабул менамояд.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Радослав Дарски барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон изҳори миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки давом додани ҳамкориҳои судманд мувофиқи мақсад буда, баҳри амалӣ ва риоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ иқдоми зарурӣ ва қобили дастгирӣ мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагиро оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон қобили қабул донистанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор