Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30

Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо намояндагони Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид

Санаи 13 апрели соли 2026 дар ҳошияи ҷаласаи 84-уми Кумитаи СММ зидди шиканҷа дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо намояндагони Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид доир ба татбиқи Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пасткунандаи шаъну шараф баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкорӣ бо механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ваколатдор таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи инсон заминаҳои мукаммали ҳуқуқӣ фароҳам оварда, санадҳои муҳими байналмилалиро ба тасвиб расонидааст. Аз ҷумла, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва дигар барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ мегарданд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва такмили механизмҳои назоратӣ ва пешгирикунанда ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон қадамҳои назаррас гузоштааст.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ бо кумитаҳои шартномавии СММ, аз ҷумла Кумитаи зидди шиканҷа ва Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор доштанд.

Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки мубодилаи таҷриба ва ҳамкории зич бо механизмҳои байналмилалӣ ба беҳтар гардидани вазъи ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар шаҳри Женева қарор дошта, рӯзҳои 14-15 апрели соли 2026 дар ҷаласаи 84-уми Кумитаи СММ зидди шиканҷа иштирок менамояд. Дар доираи ин ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши чоруми даврии худро оид ба иҷрои муқаррароти Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пасткунандаи шаъну шараф пешниҳод менамояд.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор