Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2026
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Чорабинии иттилоотӣ – ҳамкории ВАО бо мақомоти давлатӣ

Бо ибтикори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати фарҳанг ва ТҶ “Хома” рӯзҳои 6-7 май барои журналистон ва намояндагони хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ тренинг гузаронида шуд.

Дар тренинг 20 нафар (6 нафар зан) иштирок намуда, оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, нақшаҳои миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои сохторҳои шартномавӣ ва оинномавии СММ, санадҳои универсалии соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал гирифтанд.

Барои иштирокчиён кормандони масъули Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати фарҳанг, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ТҶ “Хома” машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида, ба таҳкими заминаҳои ҳамкории ВАО бо мақомоти давлатӣ таъкид намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон барои давраи то соли 2038 яке аз самтҳои муҳим баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ бо намояндагони ВАО вобаста ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот мебошад.

Итминон дорем, ки дар заминаи баргузории чунин чорабиниҳои иттилоотӣ ҳамкории ВАО бо мақомоти давлатӣ таҳким ёфта, сатҳу сифати пешниҳоди иттилоот оид ба дастовардҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон хубтар гардида, ҷиҳати эҳтиром, эътироф, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон мусоидат карда мешавад.

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор