Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2026
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тренинги навбатии омӯзиши ҳуқуқи инсон барои шахсони тамос

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили донишҳои ҳуқуқӣ ва малакаҳои касбии кормандони мақомоти давлатӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ пайваста чорабиниҳои омӯзишӣ мегузаронад.

 

Бо ин мақсад ва дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон барои давраи то соли 2038 рӯзҳои 3-5 майи соли ҷорӣ дар маҷмааи истироҳатии “Сароб”-и ноҳияи Варзоб тренинги омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар ин робита, дар ҳамкорӣ бо котиботи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва мусоидати Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе 20 нафар (3 нафар зан) хизматчиён давлатии мақомоти ҳокимияти давлатӣ – шахсони тамос оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон  ҷалб гардида, малакаи худро такмил доданд.

Барои иштирокчиён бо истифода аз усулҳои нави таълим оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, нақшаҳои миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои сохторҳои шартномавӣ ва оинномавии СММ, санадҳои универсалии соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти ҳуқуқи инсон аз ҷониби коршиносони миллӣ маълумоти муфассал дода шуд.

Ҳамчунин, иштирокчиён дар асоси таҷрибаи андӯхта дар баррасии лоиҳаи Нақшаи амали солҳои 2026-2028 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор