“Пешгирӣ аз хушунат омили пойдории оилаи солим”
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ноҳияи Файзобод бо даъвати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон. ҳамоиш таҳти унвони “Пешгирӣ аз хушунат омили пойдории оилаи солим” санаи 15 майи соли 2026 иштирок ва баромад намуданд.
Дар чорабинӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, Раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар идома Умед Бобозода вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, пешгирии хушунат ва тарбияи дурусти наврасону ҷавонон суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки огоҳии ҳуқуқӣ ва маърифати баланди шаҳрвандон метавонад дар коҳиш додани мушкилоти иҷтимоӣ нақши муассир гузорад. Ӯ иброз дошт, ки эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд аз муҳити оила оғоз гардад. Муҳити солими равонӣ ва муносибати неки байниҳамдигарӣ метавонад барои тарбияи фарзандони солим ва ҷомеаи пешрафта замина гузорад.

Ҳамчунин, аз ҷониби Бобозода Умед иброз гардид, ки хушунат дар ҳар шакл ба рушди маънавӣ ва равонии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Номбурда ҷавононро даъват намуд, ки бо донишандӯзӣ, фарҳанги баланди муошират ва эҳтироми арзишҳои миллӣ дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Дар қисмати музокира миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, сокинон ва фаъолони ҷомеа доир ба масъалаҳои марбут ба таҳкими муносибатҳои оилавӣ, тарбияи фарзандон, пешгирии низоъҳои хонаводагӣ ва нақши ҷомеа дар ҳифзи арзишҳои маънавӣ пешниҳодҳои худро ироа намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оилаи солим, пешгирии хушунат ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми мулоқот Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ба як қатор оилаҳои ҷавон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои таваллуд ва никоҳ тақдим намуданд.










