ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Рӯзи 17 майи соли 2026 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабинии оммавии варзишӣ таҳти унвони «Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ» баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳукуки инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат карданд.

Дави миллӣ дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» аз 28-уми марти соли 2007 ҳамасола дар ҷумҳурӣ рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад. Дави миллӣ маъракаи умуми миллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст.
Ҷунин чорабинии оммавии варзишӣ бо иштироки васеи аҳолии кишвар, вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо ва намояндагони сафоратхонаҳо гузаронида шуданд.











