Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

June 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

 

Бо мақсади шарҳи васеи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16-уми декабри соли 2025 сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Сайнозимзода Фирӯз  ва Машрабзода Азим – муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва Сабзов Абдуқодир – муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон рӯзҳои 5 ва 6 майи соли ҷорӣ ба шаҳри Бохтар ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон сафар намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакатро таҳлилу баррасӣ намуда, дурнамои рушди кишварро муайян намуданд.

Махсусан, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масъалаҳои ватандӯстиву худшиносӣ, соҳибкориву сармоягузорӣ, занону ҷавонон, ҳуқуқи инсон ва масоили дигари марбут ба он, инчунин, бо иқдоми Тоҷикистон эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» матраҳ шуданд. Аз ин лиҳоз, зимни баргузории чорабиниҳо масаъалаҳои зикршуда шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Нахуст чорабинӣ 5-уми май дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки роҳбарияти мақомот ва кормандони касбу кори гуногун сурат гирифт. Нимаи дуюми рӯз бошад чорабинӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Рӯзи 6-уми май чорабинӣ идома ёфта, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ноҳияи Вахш бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони касбу кори гуногун баргузор гардид. Нимаи дуюми рӯз бошад чорабинӣ дар толори Муассисаи ғайридавлатии тиббии  «Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш» бо  ҳузури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, устодон ва донишҷӯёни коллеҷ сурат гирифт.

Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур тавассути сомонаҳои расмии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос гардид.

Зимнан, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ноҳияи Вахш ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои баргузории ин чорабинӣ ва суханрониҳои пурмуҳтаво дар бораи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16-уми декабри соли 2025, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар маҷмуъ, хоҳони бештар баргузор намудани чунин чорабиниҳои маърифатӣ шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор