Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

June 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Санаи 22 майи соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши муҳим доранд.

Дар чорабинӣ кормандони мақомот, махсусан, ҷавонони фаъол иштирок намуда, вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон, нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ҷавон маъруза ва суханронӣ намуданд.

 

Зикр гардид, ки имрӯз барои ҷавонон дар самти таҳсил, соҳибкасбӣ, рушди малакаву қобилият ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва фаъоли ҷомеа мавқеи муҳим доранд.

  

Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мамлакат озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии ҷавонон заминаи мусоидат фароҳам меоранд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мизи мудаввар оид ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҷавонон дар муҳити рақамӣ ва саҳми ҷавонон дар рушди давлату ҷомеа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Чорабинии зикршуда дар фазои озоду дӯстона ва руҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ доир гардид.

www.ombudsman.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор