Таҳти чунин унвон рўзҳои 14-15 апрели соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои таъмини назорат ва экспертизаи равандҳои интихоботӣ аз ҷониби Маркази ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо дастгирии Фонди грантҳои президентӣ, Шурои ҷамъиятии назди «Россотрудничество» ва Шурои ҷавонони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия ташкил ва гузаронида шуд.
Мақсади асосии чорабинии зикргардида аз табодули таҷрибаи кишварҳо дар самти таъмини назорат ва экспертизаи равандҳои интихоботӣ иборат мебошад.
Қабл аз оғози чорабинӣ мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федеретсияи Россия хонум Татяна Маскалкова бо роҳбарият ва намояндагони Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсменҳо)-и Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар сурат гирифт.
Дар оғози чорабинӣ шахсони воломақом, аз қабили Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров (тариқи маҷозӣ) ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федеретсияи Россия хонум Татяна Маскалкова баромад намуда, доир гардидани Конфронси байналмилалии илмӣ-амалиро, ки дар он масъалаҳои таъмини назорат ва экспертизаи равандҳои интихоботӣ ва дигар масоили марбута таҳлилу баррасӣ мешаванд, муҳим арзёбӣ намуданд.

Қисмати дигари чорабинӣ аз мизҳои гирд иборат буд. Мизҳои гирд асосан ба 4 гурӯҳ тақсим шуда буданд, ки дар онҳо мавзуъҳои «Стандартҳои назорати байналмилалӣ: мувозинат байни хусусиятҳои миллӣ ва принсипҳои умумӣ», «Технологияҳои нав дар хизмати назорати интихобот», «Таҷрибаҳои беҳтарини ташкил намудани равандҳои интихоботӣ» ва «Мудохилаи хориҷӣ ба интихобот ҳамчун таҳдид ба соҳибихтиёрии давлатӣ» матраҳ гардиданд.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар конфронс намояндагони наздик ба 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Аргентина, Африқои Ҷанубӣ, Бангладеш, Гватемала, Италия, Конго, Колумбия, Кения, Қазоқистон, Мадагаскар, Молдова, Покистон, Туркия, Тунис, Уругвай, Ӯзбекистон, Муғулистон, Словакия, Сербия, Тоҷикистон, Чилӣ, Эфиопия ва кишварҳои дигар иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ кишварҳои иштирокчӣ таҷрибаи пешқадами худро дар самти таъмини назорат ва экспертизаи равандҳои интихоботӣ муаррифӣ намуданд.
Аснои чорабинӣ дар бораи нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар назорати риояи ҳуқуқҳои интихоботӣ ва мониторинги ин самт ибрози назар гардид. Чунончи, намояндаи Ҷумҳурии Демократии Конго қайд намуд, ки Шурои миллии ҳуқуқи инсон (омбудсмен)-и ин кишвар дар ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар интихобот, инчунин, дар мониторинг ва мушоҳидаи раванди интихобот ва арзёбии шаффофият ва адолатнокии он нақши муҳим дорад.

Ҳамчунин, намояндаи давлати Африқои Ҷанубӣ низ таъкид кард, ки ниҳоди омбудсмен дар ин кишвар дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ҷараёни интихобот мусоидат менамояд.
Мусаллам аст, ки ҳуқуқ ба интихобот яке аз ҳуқуқҳои бунёдии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, яке аз вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз мусоидат ба амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихобот мебошад.
Аз ин лиҳоз, иштирок дар конфронси мазкур ба омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи кишварҳои хориҷӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва такмили дониш дар самти назорати равандҳои интихоботӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботӣ мусоидат намуд.
Ҳамин тавр, Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ ҳамчун минбари муҳим барои табодули таҷриба ва баррасии масъалаҳои мубрами соҳа арзёбӣ гардида, идомаи чунин ҳамкориҳои судманд дар оянда муҳим ҳисобида мешавад.










