Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Санаи 6 июли соли 2026  дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар бахшида  ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036»,   бо иштироки васеъи роҳбарият ва кормандон баргузор гардид.

 

Чорабиниро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед оғоз намуда, аҳли нишаст ва дар ин замина кулли мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қабули ин санади байналмиллалӣ табрик намуданд.

Аз ҷумла, Бобозода У. қайд намуданд, ки 25 июни соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда"-ро қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.

Хамзамон, дар мизи мудаввар сардорони шуъбаҳо ва кормандони мақомот бо маърузаҳо баромад намуданд, таъкид гардид, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир таҳкими сулҳ ва субот бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёбад. Ташаббуси нави Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҷавобгӯйи талаботҳои замони муосир буда, барои густариши фарҳанги сулҳ ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу фардо аҳаммияти байналмилалӣ дорад.

 

  

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор