Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

September 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

Санаи 19-уми августи соли 2026 вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Сафири навтаъйини Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ баргузор гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед зимни мулоқот тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон роҳандозишударо ҳамчун иқдомоти саривақтӣ ва самарабахш муҳим арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ намудани ин тадбирҳо барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва дар ин ҷода пайваста талош ва саҳм гузоштани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ, Умед Бобозода оид ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 маълумоти муфассал доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар хусуси дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ибрози назар намуда қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон пайваста қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида, Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати доир намудани ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда дар самтҳои мухталифи ҳуқуқи инсон омодагии худро баён намуд.

Дар фарҷоми мулоқот Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

www.ombudsman.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор