Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили донишҳои ҳуқуқӣ ва малакаҳои касбии кормандони мақомоти давлатӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ пайваста чорабиниҳои омӯзишӣ мегузаронад.
Бо ин мақсад ва дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон барои давраи то соли 2038 рӯзҳои 17-19 августи соли ҷорӣ дар маҷмааи истироҳатии “Сароб”-и ноҳияи Варзоб тренинги омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар ин робита, дар ҳамкорӣ бо котиботи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва мусоидати Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе 16 нафар хизматчиён давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ ҷалб гардида, малакаи худро такмил доданд.
Барои иштирокчиён бо истифода аз усулҳои нави таълим оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, нақшаҳои миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои сохторҳои шартномавӣ ва оинномавии СММ, санадҳои универсалии соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти ҳуқуқи инсон аз ҷониби коршиносони миллӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз соли 2016 ин ҷониб дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шахсони тамос оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъин гардида, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати такмили дониш ва малакаи касбии онҳо пайваста тавассути баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ ва расонидани кумаки экспертӣ мусоидат менамояд.










