Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

September 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

Мулоқоти Муқимӣ Нигора  бо сафири Финляндия

хонум Мария Агрен

Санаи 3 сентябри соли 2026 вохӯрии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо сафири навтаъини Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мария Агрен баргузор гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот оид ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ Нигора Муқимӣ оид ба Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2026-2030, инчунин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон пайваста қадамҳои устувор гузошта истодааст. Вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида сафири Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати доир намудани ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда дар самтҳои мухталифи ҳуқуқи инсон омодагии худро иброз намуд.

Дар фарҷоми мулоқот хонум Мария Агрен ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ барои пазироӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

www.ombudsman.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор