МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ
БАХШИДА БА 35 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
Дар маҷмааи фарҳангии "Офтобак"- и Ҷамоати деҳоти "20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и ноҳияи бахшида ба 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Умед Бобозода, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода, раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ Қувватович, роҳбарони мақомотҳои қудратии ноҳия, муовини аввал, муовинони раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорон мактабҳо, собиқадорон, фаъолон иштирок доштанд.






Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Умед Бобозода, Раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ Қувватович, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, ҳамагонро ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, дар идомаи чорабинӣ ба кормандони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаи раиси ноҳияи Вахш тақдим гардид.
Аксҳо: Аз маҷлиси тантанавӣ дар ноҳияи Вахш
www.ombudsman.tj









