Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

September 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

Мукофоти давлатӣ – арҷгузорӣ ба хизмати содиқона

Дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросим Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора суханронӣ намуда, таъкид кард: «Имрӯз, дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо дар ин толор ҷамъ омадаем, то яке аз лаҳзаҳои муҳим ва пурифтихор - маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Шарифзода Талабшоҳ Акрам баргузор созем».

Қайд гардид, ки мукофоти давлатӣ на танҳо нишони сарисинагӣ ё ҳуҷҷати расмист, балки эътирофи расмии давлат ва халқи Тоҷикистон нисбат ба хизмати софдилона, содиқонаву пурмаҳсули шахс мебошад.

Дар ин замина, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Медали хизмати шоиста» ба Шарифзода Т.А. аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Иброз гардид, ки чунин қадрдонӣ барои баланд бардоштани ҳисси масъулият, садоқат ба Ватан ва фаъолияти боз ҳам самараноки кормандони мақомоти давлатӣ аҳаммияти басо муҳим дорад.

 

 

Дар фароварди чорабинӣ ҳозиринро Зариф Ализода ва Муқимӣ Нигора ба муносибати фарорасии 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатии комил, осудагии рӯзгор ва дар фаъолияти хизматӣ комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд

Ҳамчунин, имрӯз ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Раҳматшозода Фарзона Раҳматшо дар театри вилоятӣ ба номи М.Назаров Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Чунин қадрдонӣ барои баланд бардоштани ҳисси масъулият, садоқат ба Ватан ва фаъолияти боз ҳам самараноки кормандони мақомоти давлатӣ аҳаммияти басо муҳим дорад.

www.ombudsman.tj

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор