Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Тибқи Дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №32/10-228 аз 14.02.2019 рӯзҳои 8-10 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои шахсони тамоси вазорату идораҳо тренинг гузаронида шуд. Тренинги мазкур дар доираи татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №678 аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

 

Дар тренинг мавзӯъҳои «Ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони гирифтори бемории ВМНО/БПНМ», «Ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият» ва «Баробарии гендерӣ» аз ҷониби коршиносони миллӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуданд. Ҷиҳати шавқовар ва мақсаднок шудан, дарсҳо бо истифода аз усулҳои интерактивӣ ва машғулиятҳои амалии гурӯҳӣ гузаронида шуданд.

Ҳадафи асосии тренинг баланд бардоштани савияи дониши шахсони тамоси вазорату идораҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Ёдовар бояд шуд, ки ин панҷумин тренинг дар доираи татбиқи давраи сеюми Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 мебошад ва баргузории боз як тренинги дигар ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор