Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

September 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

ЭЪЛОН!

 

МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

 

  1. Сардори Шуъбаи коргузорӣ, назорат ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷоӣ, маоши мансабӣ – 8016, 20 сомонӣ.
  2. Сардори Шуъбаи молия ва ташкили кори Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷоӣ, маоши мансабӣ – 8016, 20 сомонӣ.
  3. Ёрдамчии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  – 1 ҷоӣ, маоши мансабӣ – 6124,40 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   – 2 ҷоӣ, маоши мансабӣ – 3388,50 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси  шуъбаи баӣналмиллалӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷоӣ, маоши мансабӣ – 3388,50 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари Шуъбаи молия ва ташкили кори Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷоӣ, маоши мансабӣ – 2502,00 сомонӣ.

*Эзоҳ: Дар ҳолати доштани собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ иловапулӣ пардохт карда мешавад.

 

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 

 

  • Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • -ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  • -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
  • -тарҷумаи ҳол;
  • -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • -маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
  • -нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • -эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
  • -нусхаи шиноснома;
  • -маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (суд шудан, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, рад намудани оғози парвандаи ҷиноятӣ);
  • -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

 

734023, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Шоҳтемур 27, тел: 221-47-87/221-46-89, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., нишонии сомонаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: www.ombudsman.tj

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 

Маълумоти бештар  дар бораи талаботи тахассусӣ, саволномаи озмун ва дигар маълумот дар сомонаи www.ombudsman.tj

 

 

Сардори Шуъбаи коргузорӣ, назорат ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

 - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point.

 

Сардори Шуъбаи молия ва ташкили кори Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё молиявӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ва инчунин собиқаи кори касбиашон на камтар аз 5 сол бошад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

 - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point.

- малакаи кор бо Барномаи Низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ “SGB.net” –  и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

Ёрдамчии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point.

 

Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point.

 

Сармутахассиси шуъбаи баӣналмилалӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point.

 

Мутахассиси пешбари Шуъбаи молия ва ташкили кори Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- на камтар аз 1 сол собиқаи собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Eсхel, Power point.

 

 

«Тасдиқ мекунам»

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 _________________У. Бобозода

 «24» феврали соли 2026

 

Саволномаи

озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизматчиёни давлатии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Мафҳум, моҳият ва муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
  2. Мафҳуми Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ?
  3. Мафҳумҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ?
  4. Ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд?
  5. Тасниф (классификатсия) - и ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд?
  6. Ҳуқуқҳои фитрӣ (табӣ) инсон ?
  7. Ҳуқуқу озодиҳои гражданӣ  (шахсӣ) ?
  8. Ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ ?
  9. Ҳуқуку озодиҳои иқтисодӣ ?
  10. Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ?
  11. Ҳуқуқҳои фарҳангӣ ?
  12. Ӯҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрванд ?
  13. Маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳо ?
  14. Тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ?
  15. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
  16. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон ?
  17. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда оид ба ҳуқуқи инсон ?
  18. Таърихи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва шарҳи мухтасари он?
  19. Шарҳи мухтасари Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ?
  20. Шарҳи мухтасари Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ?
  21. Маълумот дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ?
  22. Мақсади таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
  23. Тартиби таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ?
  24. Кафолатҳои мустақилии Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон ?
  25. Таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ?
  26. Низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мувофиқи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
  27. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ?
  28. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ?
  29. Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ?
  30. Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
  31. Намудҳои мурофиаи судӣ ?
  32. Истеҳсолоти иҷро ?
  33. Тартиби иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ?
  34. Муассисаҳои нигоҳдории муваққатӣ ?
  35. Шарҳи мухтасари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ?
  36. Мафҳуми хизматчии давлатӣ ?
  37. Асосҳои қать шудани фаъолияти хизматчии давлатӣ ?
  38. Маълумот дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатӣ ?
  39. Маълумот дар бораи тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ?
  40. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ: ҳуқуқу вазифаҳои онҳо ?
  41. Ҳизбҳои сиёсӣ: ҳуқуқу вазифаҳои онҳо ?
  42. Иттиҳодияҳои динӣ: ҳуқуқу вазифаҳои онҳо ?
  43. Ҳуқуқ ба озодии андеша ва озодии эътиқод ?
  44. Тартиби гузаронидани гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта ?
  45. Принсипҳои интихобот ?
  46. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»?
  47. Мӯҳлатҳои баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ?
  48. Воситаҳои ахбори омма: ҳуқуқу вазифаҳои онҳо ?
  49. Механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ?
  50. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон?
  51. Муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
  52. Матни Суруди миллӣ ?
  53. Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
  54. Шарҳи универсалии даврӣ маълумоти умумӣ ?
  55. Ҳадафҳои Принсипҳои Париж ?
  56. Принсипи эҳтимолиёти бегуноҳӣ чӣ маъно дорад ?
  57. Тартиби таъину интихоби судяҳо ?
  58. Фарқияти ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсӣ ?
  59. Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ?
  60. Фарқияти ҳуқуқҳои мутлақ ва нисбии инсон?
  61. Санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Тоҷикистон ба тасвиб расонида нашудаанд ?
  62. Дар бораи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ маълумот диҳед ?
  63. Санадҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ аз Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ маълумот диҳед?
  64. Мавқеи Конститутсия дар низоми санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ?
  65. Кафолати ҳуқуқҳои фарҳангӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
  66. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи ҳуқуқи маъюбонро кай ба имзо расонид ?
  67. То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак маърӯза пешниҳод намудааст ва охирон бор кадом сол буд ?
  68. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кай боз фаъолият мекунад ва фаъолияти ӯро кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медарорад ?
  69. Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак чанд протокол дорад ва кадоме аз онҳоро Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст ?
  70. Эмансипатсия чист ?
  71. Васоят ва парасторӣ ба кӣ таъин карда мешавад ?
  72. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқу озодиҳои кӯдаконро ба танзим медароранд ?
  73. Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон  барои солҳои 2022-2026 маълумот диҳед ?
  74. Ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ?
  75. Ташкилотҳои қарзӣ ?
  76. Ҷамъияти саҳҳомии кушода ?
  77. Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида ?
  78. Андоз чист ?
  79. Бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «равзанаи ягона»?
  80. Тартиби бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ ?
  81. Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ?
  82. Фаъолияти соҳибкорӣ ?
  83. Тартиби бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ?
  84. Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ?
  85. Дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ чӣ модонед ?
  86. Дар соҳаи молия кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқиро медонед ?
  87. Молияи давлат чист ?
  88. Дар бораи буҷети давлатӣ маълумот диҳед ?
  89. Зери мафҳуми ҳуқуқ ба озодӣ аз табъиз чиро мефаҳмед ?
  90. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» маълумот диҳед ?
  91. Мақоми ваколатдори  давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз  кадом аст ва чӣ гуна ваколатҳо дорад ?
  92. Шахсе, ки худро ҷабрдидаи табъиз мешуморад, барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба куҷо муроҷиат карда метавонад ?
  93. Табъиз чист ? Шаклҳои табъизро номбар кунед.
  94. Табъизи бевосита аз табъизи бавосита чӣ фарқ дорад ? Мисол оред.
  95. Кадом санадҳои байналмилалӣ кафолати таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъизро пешбинӣ менамоянд ?
  96. Ҷабрдидаи табъиз ба суд бо чӣ гуна даъво муроҷиат карда метавонад ?
  97. Оё принсипҳои баробарӣ ва манъи табъиз дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ пешбинӣ шудаанд ?
  98. Аломатҳои манъкунандаи табъиз кадомҳоянд ?
  99. Ҳолатҳои вазнинкунандаи табъизро номбар кунед ?
  100. Қонунгузорӣ барои таъмини пурраи амалигардонии ҳуқуқ, озодӣ ва имкониятҳои баробар истифодаи кадом чораҳоро пешбинӣ менамояд ?
  101. Кадом мисолҳои табъизро оварда метавонед ?
  102. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баробарӣ ва манъи табъиз кадом кафолатҳоро пешбинӣ менамояд?
  103. Ба андешаи Шумо сабабҳои дар ҷомеа ҷой доштани табъиз кадоманд?

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор