Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2026
M T W T F S S
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31

Барои такмили донишҳои ҳуқуқии омӯзгорони шаҳри Исфара мусоидат карда шуд

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва мусоидати Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №565 аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ шудааст ҷиҳати мусоидат ба баланд бардоштани малакаи омӯзгорони фанни «Ҳуқуқи инсон» вобаста ба тарзу восита ва методикаи таълими ҳуқуқи инсон рӯзҳои 22-23 сентбяри соли 2026 барои 21 нафар омӯзгорони фанни «Ҳуқуқи инсон»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Исфара семинари омӯзишӣ баргузор намуд.

Дар доираи чорабини мазкур кормандони мақомот ва филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд ҷалб гардида, машғулият гузарониданд.

Аз ҷумла, дар асоси барномаи семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои нақши механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, методикаи таълими фанни «Ҳуқуқи инсон», омӯзиши иҷтимоӣ-эмотсионалӣ, тарҳи универсиалии омӯзиш, Тоҷикистон дар низоми механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт, масъалаҳои таълиму тарбия ва амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, буллинг ҳамчун яке аз шаклҳои зӯроварӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ва шарҳи баъзе масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба хонандагон, аз ҷумла духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ машғулиятҳо гузаронида шуд.

 

Дар ин доира вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ, Ҳадафҳои Рушди Устувор ва стратегияи барномаҳои давлатӣ, навгониҳои қонунгузории миллӣ, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа маълумот пешниҳод карда шуд.

Иштирокчиён дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, пайваста баргузор намудани чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ намуданд.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор