Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2026
M T W T F S S
1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31

ВОХӮРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН БО ДОНИШҶӮЁНИ

ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ  ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

 

Санаи 24 сентябри соли 2026 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Маҷидзода Парвиз ва муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Нидоев Ҳусниддин зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рашт бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб миёни ҷавонон, инчунин таҳкими ҳамкории мақомот бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, бо донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт вохӯрии судманд анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт - Раҷабзода Маҳмадёр Носир, омӯзгорон, ва донишҷӯёни Донишкада иштирок намуданд.

Вохӯриро Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Номбурда аҳаммияти чунин вохӯриҳоро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода баромад намуда, масъалаҳои мубрами марбут ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар идомаи вохӯрӣ ба иштирокдорон вобаста ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини баробарӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини баробарӣ дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин, У. Бобозода таъкид намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ татбирҳо меандешад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҷавонон неруи созанда ва ояндаи давлату миллат буда, тарбияи дурусти онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ барои рушди ҷомеа нақши муҳим дорад.

Дар идомаи вохӯрӣ байни масъулон, омӯзгорон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ баргузор гардида, таъкид шуд, ки ҳамкории мунтазами мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои кор бо ҷавонон барои тарбияи насли ҷавони соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос заминаи муҳим фароҳам меорад.

www.ombudsman.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор