Масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии табъиз дар меҳвари мулоқот бо ҳайати Туркманистон
5 октябри соли ҷорӣ ҳайати 13-нафараи иштирокдорони сафари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Туркманистон, мақомоти маҳаллии он кишвар, созмонҳои ҷамъиятӣ ва коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалӣ иборат буд, ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмононро масъулини мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул намуда, зимни мулоқот оид ба самтҳои асосии фаъолияти мақомот, таҷрибаи Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба зӯроварии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи занону духтарон, пешгирии табъиз ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини баробарии гендерӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба таҷрибаи пешқадам ва механизмҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла роҳҳои пешгирии табъиз ва таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳо, инчунин нақши ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар пешгирии зӯроварии гендерӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда табодули назар намуданд. Меҳмонон ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи занон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот иштирокдорон аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки табодули таҷриба ва мубодилаи иттилоот миёни ҷонибҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ниҳодҳои дахлдор дар самти пешгирии зӯроварии гендерӣ ва таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳо мусоидат менамояд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идома бахшидани ҳамкориҳо, густариши табодули таҷриба ва баргузории чунин вохӯриҳои омӯзишӣ дар оянда изҳор доштанд.
www.ombudsman.tj









