Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2026
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30

        

    Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти риояи ҳуқуқи маъюбон ва амалишавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

    Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябри соли 2026 дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён мизи мудаввар дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти риояи ҳуқуқи маъюбон ва амалишавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон” баргузор гардид.

    Дар кори мизи мудаввар роҳбарон ва намояндагони сохторҳои масъули ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла мудири бахши ҳифзи иҷтимоии МИҲД ноҳияи Қубодиён, директори маркази хизматрасонии иҷтимоӣ, сардори бахши байниноҳиявии Хадамоти тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия, намояндаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар сохторҳои масъули соҳа ширкат варзиданд.

    Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокчиён оид ба дастрасии маъюбон ба хизматрасониҳои тиббӣ, таъмини маъюбон бо доруҳои ройгон тибқи тартиби муқарраргардида изҳори ақида намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ҳаёти маъюбон пешниҳодҳои муфид манзур карданд. Дар хотима ба саволҳои иштирокчиён посух дода шуд.

                                                                                       

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор