Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Рўзҳои 19-20 апрели соли 2021 ҳайати Ҳукумати Федератсияи Россия ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ҳайати Ҳукумати Федератсияи Россияро муовини аввали вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Руденко Андрей Юревич роҳбарӣ намуд. Ҳайати мазкур бо ҳамкасбони худ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ мулоқот намуданд.

Зимни гуфтушунид ба масъалаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ диққати махсус дода шуд. Аз ҷумла сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал летенанти полиция Валентина Казакова дар нишасти матбуотӣ, ки 21 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, аз натиҷаи мулоқотҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки баъди ба эътидол омадани вазъ вобаста ба пешгирии паҳншавии коронавирус COVID-19 маҳдудиятҳои ҷорикардашуда бардошта шуданд ва рафту омади шаҳрвандон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо нақлиёти ҳавоӣ аз 1 апрели соли 2021 барқарор карда шудааст.

Тибқи иттилои Хадамоти Федералӣ ҳоло дар ҳудуди Федератсияи Россия 247 ҳазор муҳоҷир, шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Ҳамзамон Валентина Казакова дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд ва ҳуҷҷатҳои худро барасмият надаровардаанд, имкон доранд то 15 июн соли ҷорӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, худашонро ба қайд гиранд ва барои фаъолияти меҳнатӣ иҷозат гиранд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба тамоми муҳоҷирои меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия қарор доранд, муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки дар муҳлатҳои пешбинишуда ҳуҷҷатҳои лозимаи худро барасмият дароранд, то мавриди татбиқи ҷавобгарии маъмурӣ ва берункунии маҷбурӣ аз ҳудуди Федератсияи Россия қарор нагиранд.

Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисоӣ,

иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ

Раҷабов Ш.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор