Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Рӯзи 14 майи соли 2021 дар боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила” чорабинии иттилоотию фарҳангӣ баргузор гардид.   

Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ва сардори шуъбаҳои ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Шарафҷон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии “Рузи байналмилалии оила” табрик намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ба таҳкими солимии оилаҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва баланд бардоштани масъулиятнокии оилаҳои ҷавон ҷиҳати устуворӣ ва пойдории оилаҳо равона шудааст.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Ба иштирокчиёни чорабинӣ маводҳои иттилоотӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва дигар маводҳои лозима ба тариқи ройгон паҳн карда шуд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти мазкур мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор